Аввалин филм аз инфиҷори нафткаш дар бандари Ҷиддаи Арабистон
(last modified Mon, 14 Dec 2020 09:34:31 GMT )
Декабр 14, 2020 14:34 Asia/Dushanbe

Созмони амалиёти тиҷории Англия аз инфиҷори як нафткаш дар бандари шаҳри соҳилии Ҷидда дар ғарби Арабистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Асошиэйтед Пресс Associated Press, бомдоди имрӯз душанбе дар як нафткаши Англия дар бандари Ҷиддаи Арабистон инфиҷоре рух дод, ки омили он як ашёи хориҷӣ эълом шудааст.

Дар бораи эҳтимоли аз нафткаши осебдида рехтани нафт ҳушдор дода шудааст.

22 аъзои экипажи киштӣ худро наҷот дода ва касе дар ин садама осеб надид.

Тасвирҳо нишон  медиҳанд, ки тӯдае аз абрҳои сиёҳ осмони шаҳри Ҷиддаро пӯшондааст.