Аввалин парвози Риёз - Димишқ пас аз 4 соли таваққуф
(last modified Tue, 15 Dec 2020 14:41:27 GMT )
Декабр 15, 2020 19:41 Asia/Dushanbe
  • Нахустин парвози Риёз - Димишқ пас аз чаҳор сол анҷом шуд
    Нахустин парвози Риёз - Димишқ пас аз чаҳор сол анҷом шуд

Манобеи расонаӣ аз аввалин парвози Риёз - Димишқ пас аз 4 соли вақфа хабар доданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал-Халиҷ-ал-Ҷадид», парвози Риёз ба Димишқро як ширкати хусусии сурӣ анҷом додааст.

Дар пайи ташдиди буҳрон дар Сурия ва тира шудани равобити Риёз - Димишқ, парвозҳои Арабистону Сурия ба таври расмӣ аз соли 2016 мутаваққиф шуд.

Давлати Сурия дар солҳои гузашта борҳо режими саудиро ба ҳимоят аз терроризм дар Сурия муттаҳам кардааст.

Ба дунболи шикасти сангини террористҳо дар бисёре аз манотиқи Сурия, мақомоти саудӣ аз оғози соли 2020 нишастҳоеро барои рафъи танишҳо бо Димишқ баргузор кардаанд.

Бо ин ҳол манобеи дипломатӣ дар Димишқ эълом карданд, бозкушоии сафорати Риёз дар Сурия ба замон ниёз дорад.

 

Бештар бихонед: