Декабр 27, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати хориҷаи Яман ба режими саҳюнистӣ
    Ҳушдори Вазорати хориҷаи Яман ба режими саҳюнистӣ

Вазорати хориҷаи Давлати Наҷоти миллии Яман таъкид кард, агар режими саҳюнистӣ ба Яман осеб ворид кунад манофеаш дар дарёи Сурх ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизеонии ал-Маёдин;  Вазорати хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман эълом кард, режими саҳюнистӣ бояд аз таҳдиди кишварҳои минтақа даст бардорад.

Ин вазоратхона тасреҳ кард, вазъияти Яман ҳеч иртиботе ба режими саҳюнистӣ надорад ва ҳар иқдоми хасмонае аз сӯи режими саҳюнистӣ, мунҷар ба ҷанги фарогир хоҳад шуд.

Шаби гузашта ( шанбеи ) низ «Ҷалол ал-Равишон» муовини умури дифоии нахуствазири Яман таъкид кард, Исроил ва режимҳои созишгар ҳаргиз ба мақосиди худ дар Яман даст намеёбанд.

Сухангӯии артиши режими саҳюнистӣ Авихай Адрей дар рўзҳои гузашта гуфта буд, режими Исроил вазъияти Яманро зери назар дорад.

Барчасп