Вокуниши Иттиҳодияи Уламои Яман ба тасмими Амрико дар бораи Ҷунбиши Ансоруллоҳ
Иттиҳодияи Уламои Яман дар вокуниш ба иқдоми Амрико дар террористӣ хонадни Ҷунбиши Ансоруллоҳ таъкид кард, ки Амрико худ бузургтарин ва хатарноктарин таҳдид барои амнияти миллӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Масира, Иттиҳодияи уламоии Яман рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе таъкид кард : «Чунин тасмиме алайҳи Ансоруллоҳ расвоии сиёсии дигаре барои Амрико ба шумор меравад.»
Вазири хориҷаи Амрико майк Помпео рӯзи душанбе эълом кард ин вазоратхона тасмим барои қарор додани номи Ансоруллоҳ дар феҳристи «созмонҳои террористии хориҷӣ» худро ба конгресс иблоғ кардааст.
Ин иқдоми Амрико бо маҳкумияти густардаи бархе мақомот, гурӯҳҳо ва аҳзоби Яман мувоҷеҳ шудааст.
Иқдоми Амрико алайҳи Ансоруллоҳи Яман дар ҳолест, ки эътилофи саъудӣ-иморотӣ наздик ба шаш сол аст зерсохтҳои Яманро ҳадафи ҳамалоти худ қарор дода ва бо муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар мушкилоти фаровонеро бар мардуми ин кишвар таҳмил кардаанд.
Бештар бихонед: