Оғози таҳаррукоти зудҳангоми интихоботӣ дар Ироқ
(last modified Wed, 13 Jan 2021 07:34:57 GMT )
Январ 13, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳаррукоти зудҳангоми интихоботӣ дар Ироқ

5 моҳи дигар то баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ дар Ироқ боқӣ мондааст, аммо гурӯҳҳои сиёсӣ таҳаррукоти худро барои интихоботи оянда оғоз карданд.

Интхобот ва муносиботи қудрат дар Ироқ бар асоси гароишоти фирқаӣ аст, шиаён, аҳли суннат ва курдҳо се бозигар дар муносиботи қудрати Ироқ ҳастанд, ки ҳар як ба чанд гурӯҳу ҷараёни сиёсӣ тақсим мешаванд. Ин гурӯҳҳо барои интихоботи зудҳангоми порлумонӣ дар шашуми июн барномарезии худро оғоз карданд.

Яке аз мавзуоте, ки барои интихоботи ояндаи порлумонии Ироқ матраҳ аст, эҳтимоли мушорикати поини воҷидони шароит аст. Далоили мухталифе дар ин хусӯс вуҷӯд дорад, аммо нокоромадии давлатҳо барои беҳбуди вазъияти маъишатии мардум, шиддат гирифтани норизоятии мардум, афзоиши шикоф миёни мардум ва давлат ва ҳамчунин даргириҳои сиёсӣ миёни гурӯҳҳо ва камтаваҷҷӯҳии онҳо ба мутолиботи мардумӣ, аз муҳимтарин далоили эҳтимоли мушорикати поини воҷидони шароит дар интихоботи оянда аст.

Дар 4 соли гузашта мардуми Ироқ беш аз ҳама шоҳиди низоъи гурӯҳҳои сиёсӣ, баргузории тазоҳуроти мардумӣ ва мудохилаи густардаи Амрико дар умӯри дохилии ин кишвар ва инфиъоли давлат дар муқобили ин вазъият буданд. Бинобар ин, таҳлилҳо ҳокӣ аз ин аст, ки бахши зиёде аз мардуми умеде ба сандӯқҳои раъй надоранд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки шаклгирии таҳаррукоти интихоботӣ чанд моҳ пеш аз интихобот гӯёи ин аст, ки гурӯҳҳои сиёсӣ бо дараки шароити ҳоким бар Ироқ ва ҳамчунин аҳаммияти интихоботи оянда, талошҳои худро барои касби курсиҳои бештар оғоз кардаанд. Ин талошҳо дар миёни ҳар се гурӯҳи шиъа, суннӣ ва курд дида мешавад, аммо аз онҷое, ки аксарияти курсиҳои порлумон дар ихтиёри гурӯҳҳои шиъа қарор дорад, рақобати дарунгурӯҳӣ миёни шиъаён низ барҷаста шуд.

Ба таври кулли метавон кунишгарии ҷараёнҳои шиъӣ дар интихоботи порлумонии зудҳангомро перомуни чанд ҷараён мавзеъгирӣ кард. Бархе ба дунболи бозёбии қудрат, бархе ба дунболи қудрати бештар ва бархе низ барои оғози даврони тоза талош мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ вагурӯҳи вобаста ба он низ талошҳои интихоботии худро бештар кардаанд.

Ба назар мерасад, Ал Козимӣ дар талош аст таҳаррукоти худро дар миёни ҳар се гурӯҳи шиъа, суннӣ ва курд баст диҳад ва феҳристе бо мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сегона барои интихоботи порлумонии оянда муаррифӣ кунад. Бар ин асос, ҳатто дар миёни гурӯҳҳои шиъӣ низ эҳтимоли эътилофи бархе ҷараёнҳо бо Мустафо Ал Козимӣ вуҷӯд дорад, ки дар ин замина метавон ба Амор Ал Ҳаким ва ҷараёни Тайёр Ал Ҳикма, ки таҳти раёсати вай қарор дорад, ишора кард.

Муқтадо Садр, ки пеш аз ин вай ва бархе тарафдоронаш эълом карда буданд ҳатто аз интихоботи 2018 низ курсиҳои бештаре касб хоҳанд кард, бар талошҳои худ афзӯда ва ҳамчунон умедвор ҳастанд, ки илова бар касби раъйи баданаи суннатии ҷомеъа, тайфҳои ҷадидро низ ба самти худ ҷазб кунанд.

Талош‌ҳои интихоботии эътилофи Ал Фатҳ низ афзоиш доштааст. Ин эътилоф низ дар талош аст бо шиорҳое дар хусӯси беҳбуди маишати мардум ва ҳамчунин тақвияти ҳокимият ва истиқлоли Ироқ, курсиҳои бештаре дар интихоботи оянда ба даст оврад.

Ончӣ акнун мушаххас аст, ин аст, ки давлати ояндаи Ироқ низ давлате эътилофӣ хоҳад буд ва ҳеч як аз гурӯҳҳо муваффақ ба касби курсиҳое бо ихтилофи зиёд дар муқобили рақибони худ нахоҳанд шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: