Январ 19, 2021 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дипломати рус : Амрико таҳрики мусобиқаи низомӣ дар Ховари миёнаро канор бигзорад

Намояндаи Русия дар Шӯрои амният дар посух ба интиқоди дипломати амрикоӣ аз иқдомоти Сурияу Эрон , гуфт : Ин тарафи амрикоӣ аст, ки бояд аз ирсоли бедареғи силоҳ ба Ховари миёна ва таҳрики як мусобиқаи низомии хатарнок дар ин минтақа даст бардорад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Василий Набинзия-намояндаи доими Русия дар Созмони миллал аз Амрико хост, то аз роҳандозии мусобиқаи таслиҳотӣ дар минтақаи Ховари миёна даст бардорад ва дар суханони худ ба нақл аз китоби " Мартин Лютер Кинг " шахсияти машҳури амрикоӣ дар ин замина пардохт.

 Радни Ҳонтар-намояндаи доими Амрико дар ҷараёни нишасти Шӯрои амният, ки дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои Шӯрои амният ва Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт , аз иқдомоти давлатҳои Сурияу Эрон дар Ховари миёна интиқод карда ва ба нақли қавл аз Лютер Кинг ишора карда буд, ки " нафрат наметавонад ҷойгузини нафрат шавад ва танҳо ишқ метавонад чунин кунад".

Дар посух ба ин изҳорот , дипломати баландпояи рус гуфт : «  Дар рӯзи ёдбуди Мартин Лютер Кинг , ман мехоҳам дар идомаи суханони ҳамтои омрикоиям , ба нақли қавли дигаре аз ин шахсият бипардозам ки зоҳиран дар Иёлоти муттаҳида дӯст надоранд аз он ёд кунанд: " Миллате ки ҳар сол ки мегузарад , ба ҷои барномаҳои иҷтимоӣ , маблағи бештарӣ барои ниёзҳои низомии худ сарф кунад , ба самти нобудии маънавӣ роҳ пайдо кардааст" . Бинобарин беҳтар аст аз Иёлоти муттаҳида  бихоҳем, ки худ аз ирсоли доимии силоҳу таҳрик кардани мусобиқаи низомӣ дар минтақаи Ховари миёна даст бардорад .»

 Набинзия бори дигар тавваҷуҳи аъзои Шӯрои амниятро ба доктринаи амнияти ҷамъии Русия барои минтақаи халиҷи Форс ҷалб кард. Ба гуфтаи вай , илҳомбахши анҷоми " гуфтугуҳои созанда " байни кишварҳои ин минтақа аст ва Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ҳам метавонад нақши бисёр муҳимме дар муқобила бо назарияи " даъват ба ҷанг " дар халиҷи Форс ифо кунад.

Намояндаи доими Русия дар Созмони миллал пеш аз ин низ таъкид кард, ки ин кишвар ба мубориза бо тероризм дар Сурия идома хоҳад дод , ҳарчанд кишварҳои ғарбӣ дар паи барқарории оташбас бо онҳо ҳастанд.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп