ДИИШ масъулияти инфиҷорҳои Бағдодро бар ӯҳда гирифт
(last modified Fri, 22 Jan 2021 15:06:54 GMT )
Январ 22, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • Дар инфиҷорҳои рӯзи 21 январи ДИИШ дар Бағдод 142 нафар куштаву захмӣ шудаанд
    Дар инфиҷорҳои рӯзи 21 январи ДИИШ дар Бағдод 142 нафар куштаву захмӣ шудаанд

Гурӯҳи террористии ДИИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар майдони Ал-Тайрони Бағдодро бар ӯҳда гирифт.

Хабаргузории «Аъмоқ», вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ, бомдоди рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, дар амалиёти рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансори камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дувумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, дигар узви ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.

Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.

 

Бештар бихонед: