Январ 23, 2021 18:47 Asia/Dushanbe
  • Абу Бакр Ал Бурайкӣ, муфтии ДИИШ дар Яман дар ҷиноятҳои бисёре дар ин кишвар даст доштааст
    Абу Бакр Ал Бурайкӣ, муфтии ДИИШ дар Яман дар ҷиноятҳои бисёре дар ин кишвар даст доштааст

Додсарои ҷиноӣ дар Адани Яман ба дастури мустақими Арабистон, муфтии ДИИШ-ро озод кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии ямании YNP, манобе огоҳ мегӯянд, ки додсарои ҷиноӣ дар Адан ба дастури мақомоти масъул дар давлати худхондаи Абду Рабби Мансур Ҳодӣ дар ин шаҳр ва бинобар дастури эътилофи мутаҷовиз ба Яман, ҷумъашаб (22 январ), Абӯ Бакр Ал Бурайкӣ, муфтии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро озод карданд.

Ба гуфтаи ин манобе, Cомеҳ Ал Зуко аз аъзои додсарои кайфарии Адан ба унвони муовинати ин додсаро дар 18 январи ҷорӣ интихоб шуд то дар нахустин маъмурияташ, албрӣкиро, ки дар бисёре аз ҷиноятҳои ДИИШ мушорикат дошта дар рӯзи таътили расмӣ озод кунад.

Абу Бакр Ал Бурайкӣ аз саркардаҳои ДИИШ ва муфтии ин гурӯҳи террористӣ дар Яман буд, ки дар чандин ҳамлаи террористӣ дар Адан, Лаҳиҷ, Абин ва Таъиз нақш дошт.

Вай пеш аз ташкили ДИИШ низ дар соли 2010 пас аз барномарезӣ барои инфиҷори варзишгоҳи «22 май» дар мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонии Халиҷи Форс боздошт шуда буд.

Кишварҳои эътилофи Саъудии мутаҷовиз ба Яман, аз замони ҳамла ба ин кишвар ба шеваҳои мухталиф аз террористҳои Алқоида ва ДИИШ ҳимоят мекунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп