Таъиди ҳукми қатли 340 нафар тавассути раиси ҷумҳӯри Ироқ
(last modified Sun, 24 Jan 2021 14:07:36 GMT )
Январ 24, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъиди ҳукми қатли 340 нафар тавассути раиси ҷумҳӯри Ироқ

Дафтари раёсати ҷумҳӯрии Ироқ аз таъиди ниҳоии ҳукми эъдом(қатл)и беш аз 340 нафар аз маҳкумони террористӣ ва ҷиноии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Rodavont, дафтари Барҳум Солеҳ- раёсати ҷумҳуӯрии Ироқ рӯзи якшанбе эълом кард: Таъиди ниҳоии ин аҳкоми эъдом тибқи Қонуни асосӣ ва пас аз баррасии тамоми роҳҳои поймолсозии ҳукми эъдом ва татбиқи ҳукмҳои содиршуда бо Қонуни афви умумии соли 2016 анҷом гирифтааст.

 Рӯзи гузаштаи шанбе фраксиюни Ассодиқун дар порлумони Ироқ , бо ҷамъоварии имзои 70 намоянда хостори тасвиби қонуне барои илзоми раиси ҷумҳур ҷиҳати таъиди ниҳоии аҳкоми эъдоми террористҳои ДИИШ дар зиндон шуда буд.

 Иқдоми фраксиюни Ассодиқун пас аз он сурат гирифт, ки дар ду таркиши террористии панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Бағдод , 32 тан кушта ва 110 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар се соли гузашта низ ба мизони фаъолияти террористҳои ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ афзуда шудаааст.

Тибқи омори манобеи ироқӣ 19 ҳазор террористи ДИИШ-ӣ дар зиндонҳо ба сар мебаранд, ки се ҳазор тан аз онҳо мунтазири таъӣди ниҳоии ҳукми эъдом ҳастанд, ки тибқи қонун бар уҳдаи раиси ҷумҳӯрӣ аст.

 

Бештар бихонед :