Январ 25, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Тоёта, дувумин содиркунандаи бартари Туркия дар соли 2019 буда аст
    Тоёта, дувумин содиркунандаи бартари Туркия дар соли 2019 буда аст

Ҷоизаи «Ғӯли тавлиди сол» ба ширкати худравсозии Тоётаи Туркия расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия , ширкати худравсозии Тоётаи Туркия ҷоизаи Ғули тавлиди солро дар маросими супоридани ҷоизаҳои “Себи кабуд” ( Mavi Elma ), ки дар донишкадаи мудирияти донишгоҳи Истанбул баргузор шуд , дарёфт кард.

Ҷоизаи сездаҳумини давраи “Себи кабуд”дар ин маросим, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд ба Левант Ойдин, муовини умури тавлиди ширкати худравсозии Тоётаи Туркия эҳдо шуд.

Тоёта соли гузашта бо содироти 4.4 миллиард долларӣ дар соли 2019 ҷойгоҳи дувуми худро миёни ширкатҳои содиркунандаи Туркия ҳифз кард.

 Беш аз 90 дарсади тавлиди бахши худравсозии Тоёта дар Туркия ба беш аз 150 кишвари ҷаҳон содир ме‌шавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп