Октябр 17, 2016 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати шуморе аз муздӯрони Арабистон дар даргирӣ бо артиши Яман

Нерӯҳои мардумии Яман ба мавозеи муздӯрони Арабистон дар манотиқи марзии ин кишвар, ҳамлавар шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмасира, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман, имрӯз душанбе дар посух ба идомаи таҷовузҳои Арабистон ба Яман, беш аз 40 мӯшак ба мавозеи муздӯрони саудӣ дар  устони Наҷрон шиллик карданд. Дар ин ҳамалот, шумори зиёдӣ аз муздӯрони саудӣ ба ҳалокат расидаанд ва ё захмӣ шуданд.

Ҳамчунин устонҳои Ҷизон ва Аъсир дар ҷануби Арабистон, зери оташи ҳамалоти артиши Яман қарор гирифт.

Дар ин ҳамалот дастикам 5 низомии саудӣ ба ҳалокат расиданд ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Арабистони Саудӣ ҳам манотиқе аз Яманро бомбаборон карданд. Ҳанӯз аз омори қурбониёни ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст.