Феврал 09, 2021 10:36 Asia/Dushanbe
  • Корвони пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд
    Корвони пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд

Манобеи ироқӣ душанбешаб аз ҳадаф қарор гирифтани 2 корвони пуштибонии артиши террористи Амрико дар Ироқ хабар доданд.

Канали хабарии "Собирин"-и Ироқ эълом кард: “ин 2 корвони пуштибонии артиши террористи Амрико дар шаҳрҳои Девония ва  Бағдоди Ироқ ҳадаф қарор гирифтаанд”.

Канали хабарии "Собирин" ба ҷузъиёти бештар ва талафоти эҳтимолии ин ҳамалот ишора накардааст.

Корвони пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп