Феврал 14, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ҷиноятҳои Оли Халифа сукут пеша кардааст
    Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ҷиноятҳои Оли Халифа сукут пеша кардааст

Қиёми мардуми Баҳрайн алайҳи Оли Халифа имрӯз 14 феврали 2021 вориди ёздаҳумин соли худ мешавад.

10 сол аз қиёми 14 феврали мардуми Баҳрайн алайҳи режими диктаторӣ ва хонаводагии Оли Халифа мегузарад, хонадоне ки қудратро дар Баҳрайн дар ихтиёр дорад, аммо асолати баҳрайнӣ надоранд ва асолати арабистонӣ доранд.

Қиёми мардуми Баҳрайн алайҳи Оли Халифа сирфан тақозо барои демократия нест, балки эътироз ба табъиз, беадолатӣ, тағйири таркиби ҷамъиятӣ, бартарӣ додани муздурони хориҷӣ ба шаҳрвандони бумӣ, шиканҷаи фаъолони маданӣ ва раҳбарони мазҳабӣ, кӯчонидани иҷбории шаҳрвандони мунтақид ва ҳамчунин бекор кардани ҳаққи шаҳрвандӣ, дар қолаби боздоштҳои худсаронаву ҳабсҳои тӯлонимуддат аст.

Даҳумин соли қиёми 14 феврал тафовутҳое бо 9 соли гузашта доштааст.

Яке аз тафовутҳо ин аст, ки яке аз шахсиятҳои аслии тарафдори хушунат алайҳи мардум, яъне Халифа бин Салмон оли Халифа дар октябри 2020 даргузашт. Халифа бин Салмон 50 сол нахуствазири Баҳрайн буд ва аз ҳомиёни ҷиддии саркӯби ҷунбишҳои маданӣ ва мардумӣ дар ин кишвар буд.

Тафовути дигар ин буд, ки режими оли Халифа соли гузашта дар иқдоме ки бо мухолифати густардаи мардуми Баҳрайн мувоҷеҳ шуд, тавофуқи оддисозии равобит бо Исроилро имзо кард. Эътирозҳое ки пас аз ин тавофуқ дар Баҳрайн баргузор шуд, тавассути режими оли Халифа саркӯб шуд.

Тафовути муҳими дигар дар шакли бархурди режими Оли Халифа бо муътаризон буд. Соли гузашта ба далели густариши вируси корона, ҷилавгирӣ аз баргузории эътирозҳо осонтар шуд. Ба ҳамин далел, тазоҳуроти мардумии камтаре дар муқоиса бо солҳои гузашта дар Баҳрайн баргузор шуд. Бо ин вуҷуд, хушунати Оли Халифа алайҳи муътаризони баҳрайнӣ идома дошт ва ҳадафмандтар анҷом шуд.

Соли гузашта ҳеч ҳукми эъдоме иҷро нашуд, аммо шуморе аз шаҳрвандони баҳрайнӣ ба далели ширкат дар тазоҳурот ва ба иддаои Оли Халифа ба далели “хушунат алайҳи полис” ба эъдом маҳкум шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳеч санади мустанаде дар ин хусус мунташир нашуд ва дар айни ҳол аҳкоми эъдом низ аз сӯйи додгоҳе одил ва бетараф содир нашуд.

Бар ҳамин асос низ ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ эълом карданд, хушунати Оли Халифа алайҳи шаҳрвандони баҳрайнӣ дар даҳумин соли қиёми 14 феврал ба сурати ҳадафмандтар анҷом шудааст.

Дар ҳамин росто, Созмони Афви Байналмилал дар баёнияе дар остонаи вуруди ин қиём ба ёздаҳумин сол эълом кард: “Пас аз гузашти 10 сол аз инқилоби мардумӣ дар Баҳрайн, зулми ҳадафманд афзоиш ёфтаву зулму ситами сиёсӣ амалан пеши ҳар гуна иқдомоти мусолиматомез ва ҳаққи озодии баёнро бастааст”.

Мавзӯи поёнӣ ин аст, ки режими Оли Халифа монанди солҳои гузашта дар остонаи солгарди қиёми 14 феврал бо ҳадафи эҷоди тарсу мамониат аз баргузории маросими солгарди қиём, бар хушунат алайҳи муътаризони баҳрайнӣ ва ба хусус алайҳи шиаёни ин кишвар афзудааст.

Режими Оли Халифа дар тозатарин иқдом, 18 шаҳрванди баҳрайнӣ, шомили чандини кӯдаку навҷавонро ба аҳкоми сангине назири ҳабси абад ба иттиҳоми иддаоии анҷоми амалиёти террористӣ дар Баҳрайн маҳкум кард. Ин зулми ҳадафманд дар ҳоле анҷом мешавад, ки ҳамчунон ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ҷиноятҳои Оли Халифа сукут пеша кардааст.

 

Бештар бихонед: