Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Яман ба фурудгоҳи Абӯҳаи Арабистони Саудӣ
(last modified Sun, 14 Feb 2021 17:18:17 GMT )
Феврал 14, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Яман ба фурудгоҳи Абӯҳаи Арабистони Саудӣ
    Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Яман ба фурудгоҳи Абӯҳаи Арабистони Саудӣ

Воҳиди ҳавопаймоҳои бесарнишини артиши Яман ва кумитаҳои маъруф фурудгоҳи Абӯҳаи Арабистони Саудиро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Яҳё Сареъ » сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт:  Воҳиди бесарнишини ин кишвар рӯзи якшанбе дубора бо ду ҳавопаймои бесарнишини навъи "Самад 2" ва "Самад 3" фурудгоҳи Абухаро дар ҷануби Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор дод.

 

Сареъ афзуд, ин амалиёт дар чорчӯби посухи табиӣ ва қонунӣ ба ташдиди таҷовузи эътилофи саъудӣ ва муҳосираи фарогири Яман сурат гирифтааст. 

Ин панҷумин ҳамлаи паҳподи артиши Яман ба фурудгоҳи Абӯҳа дар панҷ рӯзи гузашта аст. Ҷангҷӯёни эътилофи Саудӣ фурудгоҳи Абӯҳаро барои бомбаборон кардани қаламрави Яман истифода мекунанд. Масъулони Яман Ансоруллоҳ изҳор доштанд, ки дар сурати қатъи бомбаборон, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакӣ қатъ хоҳанд шуд.

Мақомоти  Ансоруллоҳи Яман эълом кардаанд, чунончи кишварҳои мутаҷовиз бомбаборонҳоро мутаваққиф кунанд, ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ мутаваққиф хоҳад шуд. 
 
   

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва якчанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. бар асари ин таҷовуз то кунун беш аз 16 ҳазор яманӣ кушта ва даҳҳо ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед: