Феврал 15, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
  • Тунисиҳо алаёҳи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд
    Тунисиҳо алаёҳи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд

Мардуми хашмгини Туннис имрӯз дар пойтахти ин кишвар алайҳи раванди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аз сӯи бархе кишварҳо тазоҳурот барпо карданд.

Ба гузориши маркази итилоърасонии Фаластин, мӯътаризони тунисӣ бо таҷаммӯъ дар баробари сохтмони сафорати Фаронса алайҳи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ шиор сар доданад.

Тунисиҳо зимни маҳкумияти ин ҳаракати хоинона, хостори таҳарруки кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз масъалаи нахусти ҷаҳони ислом, яъне масъалаи Фаластин шуданд.

Тазоҳуроткунандагон ҳамчунин алайҳи дахолатҳои мукаррари мақомоти Фаронса дар умури дохилии кишварашон шиор дода ва хостори озодии «Ҷорҷ Иброҳими Абдулло » шаҳрванди лубнонии зиндонӣ дар Фаронса ва « Аҳмади Саодат » аз раҳбарони асири фаластинӣ дар зиндони режим саҳюнистӣ шуданд. 

Пас аз эъломи оддисозии равобит миёни кишвари Мағриб ва режими саҳюнистӣ ва тавофуқ бар сари вуруди аввалин ҳавопаймои саҳюнистӣ ба кишвари Мағриб, Тунис ва ҳамчунин Алҷазоир ба ин ҳавопаймо иҷозаи убур аз ҳарими худро надод. 

Оддисозии равобити якчанд кишвари арабӣ ва Африқо бо режими саҳюнистӣ хашми ҷаҳони исломро ба дунбол доштааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп