Феврал 16, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Як гурӯҳи ироқии тозатаъсис масъулияти ҳамла ба Эрбилро  бар уҳда гирифт

Гурӯҳи ироқии тозатаъсиси “Сароё авлиёуддам” масъулияти ҳамла ба Эрбилро бар уҳда гирифт.

Дар баёнияи мунташиршуда аз сӯйи ин гурӯҳ, ки дар канали “Собирин Нюс” қарор гирифта, омадааст: “Ба тавфиқи илоҳӣ ва дуои мардуми мо, дақиқан дар соати 21: 15 шаби понздаҳуми феврал мардони шумо дар “Сароё авлиёуддам”  амалиёти муваффақеро алайҳи ишғолгарони амрикоӣ дар минтақаи шимолии азизи мо анҷом доданд”.

Ин гурӯҳ тавзеҳ дод: “Мо ба фосилаи 7 километрии пойгоҳи ишғолгарон “(Алҳарир) дар Эрбил наздик шудем ва тавонистем заработи муҳлике бо 24 ракета бизанем, ки ба далели нотавонии сомонаи зиддиҳавоии ишғолгарон аз раҳгирии онҳо, дақиқан ба аҳдофи худ зарба заданд”.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Ин амалиёт мунҷар ба хисороти шадид ба мошинҳо, анборҳо ва ҳавопаймоҳои ишғолгарон ва теъдоди зиёде талафот дар баёни унсури ишғолгар шуд. Ба мардуми худ мегӯем: хумпораҳое, ки берун аз пойгоҳи ишғолгарон афтод, ракетаҳои амрикоӣ буданд, ки талош доштанд мушакҳои моро раҳгирӣ кунанд”.

Ин гурӯҳи тозатаъсиси ироқӣ ваъда дод: “Ин аҳди худ бо мардуми сабурамонро таҷдид мекунем, ки мо хости шумо барои гирифтани интиқоми сарони шаҳидро иҷобат мекунем ва ишғолгарони амрикоӣ дар ҳеч ҷое амният нахоҳанд дошт, ҳатто дар Курдистон (Ироқ), ба шумо ваъдаи амалиёти дигареро медиҳем”.

Шомгоҳи душанбе манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки фурӯдгоҳи байналмилалии Эрбил ва як пойгоҳи Амрико дар ин фурӯдгоҳ ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифтааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп