Даври тозаи ирсоли силоҳҳои амрикоӣ барои ДИИШ дар Ироқ
Раиси Иттиҳоди уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ гуфт, ба тозагӣ маҳмулаҳои нави силоҳҳои тактирандозии пешрафтаи амрикоӣ ба дасти ДИИШ расидааст.
Ҷаббор Алмаъмури, раиси Иттиҳоди уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии Алмаълума афзуд: Вазъияти амниятии Диёла ва дигар устонҳои Ироқ дар моҳҳои гузашта тағйири муҳиме карда ва он истифодаи ДИИШ аз шеваи тактирандозӣ аст.
Вай идома дод: Афроди ДИИШ дар устонҳои мухталифи Ироқ аз фосилаи дур тактирандозӣ мекунанд ва 90 дарсади ин тирандозиҳо дар шаб анҷом мешавад.
Раиси Иттиҳоди уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ изофа кард: Бар асоси иттилооти мавҷуд, ДИИШ ба тозагӣ маҳмулаҳои силоҳи амрикоӣ, аз ҷумла дурбинҳои пешрафта дарёфт карда ва ҳамин масъала нишон медиҳад, ки чаро раванди тирандозӣ дар шаб афзоиш ёфтааст.
Ҷаббор Алмаъмури бо ишора ба ин ки чандин қабза аз ин силоҳҳо ба тозагӣ кашф шудааст, хоҳони анҷоми таҳқиқоти густарда шуд то мушаххас шавад ин силоҳҳо чӣ гуна ба дасти афроди ДИИШ расидааст.
Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба таври пароканда ба таҳаррукоти террористӣ иқдом мекунанд.
Бештар бихонед:
- Чаро иқдомҳои ДИИШ дар Ироқ афзоиш ёфтааст?
- Тозатарин видеоҳо аз инфиҷорҳои террористии ДИИШ дар пойтахти Ироқ
- Саргардонии саркардаи нави ДИИШ дар марзи Ироқ ва сурия