Феврал 18, 2021 18:29 Asia/Dushanbe

Нахустин бор расонаи вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ведиое мунташир кардааст, ки дар он мавқеъияти минтақаӣ ва вижагиҳои пойгоҳҳо ва марокизи низомии режими саҳюнистӣ дар дохили шаҳрҳои сарзаминҳои ишғолӣ нишон дода мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,расонаи “Алаълом алҳарбӣ” вобаста ба Ҳизбуллоҳ ин филмро 24 соъат пас аз суханронии сешанбе Сайидҳасан Насруллоҳ, ки дар он ба шиддат ба таҳдидоти ахири раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ посух дода буд, мунташир кардааст.

  Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии сешанбешаби худ ба саркардаҳои режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва гуфт: Ба раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ мегӯем, ки мо ба дунболи рӯёрӯӣ ё ҷанг нестем, аммо дар сурате ки ҷангеро алайҳи мо таҳмил кунед, бо қудрат вориди он мешавем.  

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд:Агар шаҳрҳои моро бомбаборон кунед, шаҳрҳои шуморо бомбаборон мекунем ва агар рустоҳои моро ҳадаф қарор диҳед, шаҳракҳои шуморо ҳадаф қарор хоҳем дод.

  Вай таъкид кард, ки ҳеч кас наметавонад тазмин кунад, ки ҷанги кӯтоҳ ба ҷанги фарогир табдил нашавад.

Раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ ахиран таҳдид карда буд, ки дар сурати вуқуъи ҷанг дар оянда манотиқи маскунӣ дар Ғазза ва Лубнон ҳадаф қарор хоҳанд гирифт .

  Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ҳам 10 рӯз пеш дар суханоне иддао кард, ки агар даргирӣ дар ҷабҳаи шимолии Исроил рух диҳад, Лубнон баҳои сангинеро хоҳад пардохт .

 

  Бештар бихонед:

 

Барчасп