Афзоиши нерӯҳои НАТО: Сиёсати Амрико барои идомаи ишғолгарӣ дар Ироқ
(last modified Fri, 19 Feb 2021 12:21:44 GMT )
Феврал 19, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Нато хоҳони афзоиши нерӯ дар Ироқ аст
    Нато хоҳони афзоиши нерӯ дар Ироқ аст

Таҳлилгари масоили сиёсии Ироқ таъкид кард, нерӯҳои НАТО таҳти фармондеҳии Амрико қарор доранд ва ҳузури онон ба маънои идомаи ишғолгарии Амрико дар ин кишвар аст.

Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) эълом кард, ин созмон ба дунболи афзоиши нерӯҳои худ дар Ироқ аз 500 нафар ба чаҳор ҳазор нафар аст.

Аббос Алардови, таҳлилгари масоили сиёсии Ироқ дар вокуниш ба ин тасмими НАТО гуфт, пас аз ин ки нерӯҳои муқовимати арсаро барои Амрико дар Ироқ танг карданд ва парлумон низ мусаввабаи ихроҷи низомиёни хориҷиро тасвиб кард, Вашингтон тасмим гирифт аз дари дигаре ворид шавад то ба ҳузури худ дар Ироқ идома диҳад.

Алардови аз парлумони Ироқ хост, дар қиболи афзоиши нерӯҳои НАТО дар Ироқ сукут накарда ва ба давлат низ фишор биоварад.

Нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ аз соли 2003 мелодӣ дар Ироқ мустақар ҳастанд, ки бузургтарин пойгоҳи онҳо “Айнуласад” дар устони Аланбор, дар ғарби ин кишвар ва сафорати худ дар минтақаи сабзи Бағдод аст.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳеро дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

 

Бештар бихонед: