Феврал 20, 2021 09:58 Asia/Dushanbe
  • Хатарноктарин марҳалаи ҳамагирии корона дар Ироқ
    Хатарноктарин марҳалаи ҳамагирии корона дар Ироқ

Вазорати беҳдошт ва муҳити зисти Ироқ эълом кард, ин кишвар ворид хатарноктарин марҳалаи ҳамагирии бемории Ковид-19 шуд.

Ба гузориши ИРНА, Абдуламир Ал Ҳалфӣ, мудири кулли вазорати беҳдошти умумии Ироқ рӯзи ҷумъа дар суханоне адами пайбандии шаҳрвандон ба протоколҳои беҳдоштиро омили афзоиши шумори мубталоён ва маргу мирҳои ношӣ аз вируси корона донист ва афзуд, кӯтоҳтарин ва муассиртарин роҳ, пайбандӣ ба тадобири пешгирона ва ниқоб задан аст.

Вазорати беҳдошти Ироқ шумори мубталоёни ҷадид ба бемории Ковид 19 дар ин кишвар дар тӯли 24 соати гузаштаро чаҳор ҳазору 24 нафар эълом кардааст, ки бо эҳтисоби ин теъдод, шумори кулли мубталоён ба корона дар Ироқ ба 661 ҳазору 477 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Ироқ ҳамчунин эълом кард, ки дар тӯли 24 соати гузашта 12 мавриди маргу мир бар асари ибтило ба корона сабт шуда, ки бо эҳтисоби онҳо, шумори кулли қурбониёни корона дар ин кишвар ба 13 ҳазору 232 нафар расид.

Ироқ аз рӯзи гузашта маҷмӯи тадобири пешгиронаи ҷадиде аз ҷумла вазъи муқаррароти манъи тараддуд аз соати ҳашти шаб то панҷи субҳ ба муддати ду ҳафта барои муқобила бо ҳамагирӣ дар назар гирифтааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп