Феврал 22, 2021 21:41 Asia/Dushanbe
  • Анис Наққош -муборизи саршиноси лубнонӣ
    Анис Наққош -муборизи саршиноси лубнонӣ

Анис Наққош, муборизи саршиноси лубнонӣ ва аз чеҳраҳои маъруфи муқовимат дар Димишқ даргузашт.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Анис Наққош, муборизи лубнонӣ ва узви собиқи ҷумбиши Фатҳ, ки бахши бузурге аз умри худро дар роҳи мубориза бо режими саҳюнистӣ сарф кард, имрӯз - душанбе дар 70 солагӣ дар Димишқ даргузашт.

Пайкари Анис Наққош қарор аст фардо аз Димишқ ба Бейрут мунтақил шуда ва дар ин шаҳр ба хок супурда шавад. Ӯ аз рӯзи гузашта ба иллати ибтило ба корона дар бемористоне дар Димишқ бистарӣ шуда буд.

Анис Наққош дар соли 1968 ба ҷумбиши Фатҳ пайваст ва масъулияти омӯзиши нерӯҳои ин ҷумбиш дар урдӯгоҳе дар ҷануби Лубнонро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин дар тамоми солҳои мубориза иртиботи қавӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шахси шаҳид Имод Муғния дошт.

Анис Наққош ҳамчунин маркази мутолеотии «Амон»-ро роҳ андохт. Бисёре аз корбарони арабӣ навиштаанд, ки Анис Наққош тамоми умри худро барои озодии Фаластин ва муқовимат ҳазина кард. Чӣ замоне ки дар давраи ҷавонӣ дар Лубнон нерӯҳои Фатҳро омӯзиш медод ва чӣ замоне, ки бо иқомат дар Димишқ ба фаъолияти пажӯҳишиву расонаӣ дар ростои аҳдофи муқовимат машғул шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп