Феврал 24, 2021 20:28 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии як ҳавопаймои эътилофи саудӣ дар устони Маъриби Яман

Манобеи низомӣ дар устони Маъриб (маркази Яман) аз сарнагун шудани як ҳавопаймои бидуни сарнишини эътилофи саудӣ хабар доданд.

Имрӯз, чаҳоршанбе як паҳподи шиносоии эътилофи саудӣ дар осмони шаҳристони Алъабдия, ки таҳти контроли нерӯҳои Санъо (артиш ва кумитаҳои мардумии Яман) аст, соқит шуд.

Ба гуфтаи ин манбаи низомӣ, маъмурияти ин паҳпод ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилооти ҷабҳаи нерӯҳои Санъо буд, аммо нерӯҳои Санъо онро сарнагун карданд.

Артиши Яман дар моҳи ҷорӣ амалиёти озодсозии ниҳоии устон ва маркази устони Маърибро оғоз карда ва ба гузориши бархе манобеи яманӣ, ин устон дар остонаи озодӣ аст, устоне ки аз манобеи нафтиву газии қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст.

Артиши Яман дар рӯзҳои ахир муваффақиятҳои чашмгире дар ин устон алайҳи эътилофи саудӣ касб карда ва акнун нерӯҳои Санъо дар ҳоли пешравӣ ба сӯйи минтақаи мавсум ба муҷтамаи сохтмонҳои давлатӣ аст, ки аз охирин нуқоти таҳти контроли нерӯҳои эътилофи саудӣ ва шибҳинизомиёни он аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп