Амрико: Арабистон тими қатл ба раҳбарии валиаҳди Саудиро мунҳал кунад
(last modified Tue, 02 Mar 2021 06:14:26 GMT )
Март 02, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Амрико то кунун иқдоме барои таҳрим ва ё муҷозоти валиаҳди Арабистон анҷом надодааст
    Амрико то кунун иқдоме барои таҳрим ва ё муҷозоти валиаҳди Арабистон анҷом надодааст

Амрико аз Арабистони Саудӣ хост бонди махуфи қатл ба раҳбарии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудиро мунҳал кунад.

Ба гузориши ИРНА, Нед Прайс, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико сешанбе шаб дар мавриди ин бонди махуф гуфт: мо аз Арабистони Саудӣ хостаем, ки ин бондро мунҳал кунад ва сипас ислоҳот ва кантролҳои лозимро анҷом диҳад то итминон ҳосил шавад, ки ингуна фаъолиятҳо комилан мутаваққиф шудааст.

Вай ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ хост барои озодии Лаҷин Ал Ҳузлул, мудофеи ҳаққи ронандагии занон дар Арабистон, ки ба ҳудӯди се сол ҳабс маҳкӯм шудааст, иқдомоти бештаре анҷом диҳад.

Прайс афзуд, мо аз Арабистони Саудӣ мехоҳем, ки барои бардоштани мамнуияти сафари зиндониёни озод шуда ва ҳалли парвандаҳое монанди фаъолони ҳуқуқи занон иқдомоти дигаре анҷом диҳад.

Тавсияҳои вазорати хориҷаи Амрико ба Арабистон дар мавриди риояти мавориди ҳуқуқи башар дар ҳоле сурат мегирад, ки давлати Байден ин ҳафта гузорише мунташир кард, ки дар он ба нақши Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар кушта шудани Хошуқҷӣ мунтади Саудӣ ишора шуда, аммо Амрико то кунӯн иқдоме барои таҳрим ва ё муҷозоти валиаҳди Арабистон анҷом надода ва ба таҳрими аъзои тими ӯ иктифо кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: