Ҳушдори дабири кулли СММ дар бораи коҳиши кумакҳо ба Яман
Арабистони Саудӣ аз марти 2015 дар қолаби эътилофе ба ҳамроҳии Иморот, ҷанги золимона алайҳи мардуми Яман ба роҳ андохта ва ин кишварро бо буҳрони бузурге мувоҷеҳ кардааст. Созмони Милали Муттаҳид зимни ҳушдори муҷаддад нисбат ба вазъияти вахими инсонӣ дар Яман, хостори кумаки ҷомеъаи байналмилал барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари фақру қаҳтӣ дар ин кишвар шудааст.
Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи душанбе дар суханронии ифтитоҳияи нишасти маҷозӣ барои ҷамъоварии манобеи молии мавриди ниёз аз кумаккунандагони байналмилалӣ хост, ки саховати бештаре ба харҷ диҳанд то заминаи ирсоли кумкаҳои бештари башардӯстона ба Яман фароҳам шавад ва қаҳтии рӯ ба густариш ин кишварро ба коми худ фурӯ набарад. Ба гуфтаи ӯ «имрӯз қатъ ва коҳиши кумакҳои башардӯстона ба Яман ба манзалаи судӯри ҳукми марг барои сокинони ин кишвар аст».
Беш аз сад намояндаи давлат ва кумаккунандаи хусӯсӣ дар ин нишаст ширкат кардаанд ва бояд беш аз 3 миллиарду 85 миллиондоллар барои таҳия ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар ҷамъоварӣ шавад.
Ин мизон кумак ҳаддиақали ниёзи мавҷӯд барои таъмини бахше аз ниёзҳои асосии мардуми қаҳтизадаи Яман аст. Арабистон ба унвони оғозгари ҷанг алайҳи Яман эълом кард, ки 430 миллион доллар, Иморот 230 миллиондоллар ва Амрико ҳомии ин ду кишвар дар ҷанги Яман 191 миллиондоллар кумак хоҳанд кард. Нуктаи таноқузомез ин аст, ки ҳамон кишварҳое, ки мӯҷиби вазъияти фалокатбори кунӯнии Яман шудаанд, акнӯн иддаои кумак ба мардуми Яманро доранд. Дар ҳоле, ки эътилофи Саудӣ бо эҷоди муҳосираи дарёӣ ва низ мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои тиҷорӣ аз фурӯдгоҳи Санъо амалан мардуми Яманро аз дастрасӣ ба ақломи зарурӣ монанди сӯхт ва мояҳтоҷи аввалия ва низ иқдомоти пизишкии зарурӣ маҳрӯм кардааст.
Хатари фазояндаи қаҳтӣ ва гуруснагии беш аз 16 миллион яманӣ
Тибқи охирин гузориши ироа шуда аз сӯи СММ беш аз 16 миллион яманӣ ё ба иборате тақрибан ниме аз ҷамъияти 29 миллионнафарии ин кишвар дар соли ҷорӣ бо хатари фазояндаи қаҳтӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Бар асоси ин гузориш ҳудӯди 500 ҳазор нафар аз мардуми Яман ҳамакнун дар шароити наздик ба гуруснагӣ бо марг дасту панҷа нарм мекунанд ва 400 ҳазор кӯдаки зери панҷ сол низ дар сӯрати идома ёфтани вазъияти мавҷӯд бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст хоҳанд дод.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе кишварҳои ғарбӣ монанди Британия, ки саҳми муҳимме дар оғоз ва густариши ҷанги золимонаи эътилофи Саудӣ дар Яман доранд ва манофеъи муҳиммеро аз тариқи миллиардҳо доллар анвоъи таслеҳот ба саудиҳо ва иморотиҳо ба даст овардаанд, иқдом ба коҳиши кумакҳои худ ба Яман кардаанд. Jamesи Cleverly, вазири Ховари Миёнаи давлати Британия дар ин нишаст гуфт, ки Британия дастикам 87 миллион пунд дар тӯли соли оянда ба Яман кумак мекунад, ки ин мизон дар муқоиса бо 160 миллион пунде, ки соли гузашта дар ҳамон иҷлос мутааҳҳид шуда буд, 73 миллион пунд коҳиш доштааст. Ба иборати дигар Лондон ҳудӯди ниме аз кумаки худ ба СММ барои таъмини мояҳтоҷи аввалияи мардуми мазлӯми Яманро коҳиш додааст.
Andrewи Mitchell, узви порлумони Британия бо нигаронкунанда хондани коҳиши кумакҳо ба Яман гуфт: «Британия дар авзоъи Яман нақш дорад, зеро бахше аз эътилофи ҷанг дар Яман ба раҳбарии Арабистон будааст, мо наметавонем дастони худро аз ин фоҷеъаи инсонӣ бишавем».
Ин иқдом ба манзала беэътиноии комили Британия ва ба таври кулли кишварҳои ғайри ҳомии эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман ба вазъияти фоҷеъабори инсонӣ дар ин кишвари фақир ва ҷанг задааст. Ҷанге, ки ғарбиҳо худ нақши бисёр муҳимме дар таквин вва тадовуми он токунӯн ифо кардаанд. Агар ғарбиҳо воқеан хоҳони кумак ба мардуми Яман ҳастанд, беҳтар аст аз идомаи фурӯши силоҳ ба саудиҳо ва иморотиҳо худдорӣ кунанд то онҳо қодир ба идомаи иқдомоти ҷангафрӯзонаи худ дар Яман нашаванд.
БЕШТАР БИХОНЕД: