Март 03, 2021 18:26 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ аз соли 2003 мелодӣ дар Ироқ мустақар ҳастанд
    Нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ аз соли 2003 мелодӣ дар Ироқ мустақар ҳастанд

Сухангӯи эътилофи амрикоӣ дар Ироқ эълом кард, ки бахши амрикоии пойгоҳи низомии «Айнуласад» бо 10 ракетаи Катюша ҳадаф қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Вин Марото, сухангӯи эътилофи амрикоии мавсум ба зидди ДИИШ рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттери худ хабар дод, ки нерӯҳои ироқӣ таҳқиқот дар хусуси ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд ва пас аз касби иттилооти бештар, ҷузъиёти мавзуъ итилоърасонӣ хоҳад шуд.

Маркази итилоърасонии амниятии Ироқ низ дар баёнияе дар иртибот бо ин ҳамла эълом кард, ки субҳи имрӯз 10 ракетаи Град ба пойгоҳи ҳавоии «Айнуласад» бархӯрд карда, ки хисорати чандоне дар пай надоштааст.

Нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ аз соли 2003 мелодӣ дар Ироқ мустақар ҳастанд ва мардуму гурӯҳҳои ироқӣ борҳо хостори хуруҷи онҳо аз кишварашон шудаанд.

Парлумони ин кишвар низ пештар тарҳеро дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо ба тасвиб расондааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп