Март 04, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон барои раҳоӣ аз хашми Байден дар моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ба кумаки Натаняҳу умедвор аст
    Бин Салмон барои раҳоӣ аз хашми Байден дар моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ба кумаки Натаняҳу умедвор аст

Расонаҳои исроилӣ аз нигаронии сарони саъудӣ аз шикасти Натаняҳу дар интихоботи ояндаи режими саҳюнистӣ хабар медиҳанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи хабарии исроилии  i24news рӯзи панҷшанбе ба нақл аз манобеи арабистонӣ эълом кард, ки хонадони саъуди интихоботи Исроилро аз наздик дунбол мекунанд ва умедворанд, ки кабинаи феълӣ тағйир накунад .

 Ин манбаъҳо афзудаанд : «Саъудиҳо аз Бинёмин Натаняҳу-нахуствазири Исроил дар мавзӯи барқарории робита бо кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ҳимоят карда ва иртиботи дуҷонибаеро бо сарони Тел-Авив ба манзури муқобила бо сиёсатҳои Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри ҷадиди Амрико шакл додаанд.»

  Шабакаи исроилии Kan низ ахиран эълом кард тамосҳои густардае миёни Риёз ва Тел-Авив барои ором кардани хашми раиси ҷумҳӯри Амрико аз валиаҳди Арабистон дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ-рӯзноманигори мухолифи саъудӣ барқарор аст .

  Иттилооти миллии Амрико ахиран дар гузорише эълом кард: Муҳаммад бин Салмон-валиаҳди саъудӣ бо « рабудан » ё « қатл »-и Хошуқҷӣ дар Истанбули Туркия мувофиқат карда буд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп