Ҳадияи Поп ба фармондеҳи Ҳашдуш-шаъбӣ   
(last modified Sat, 06 Mar 2021 05:01:31 GMT )
Март 06, 2021 10:01 Asia/Dushanbe
  • Поп тасбеҳи худро ба яке аз фармондеҳони Ҳашдуш-шаъбӣ ҳадия дод
    Поп тасбеҳи худро ба яке аз фармондеҳони Ҳашдуш-шаъбӣ ҳадия дод

Поп Франсис дар ҷараёни сафари худ ба Ироқ, тасбеҳашро ба яке аз фармондеҳони Ҳашдуш-шаъбӣ ҳадия дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни сафар ба Ироқ, тасбеҳи худро ба Район Ал Калдонӣ аз фармондеҳони Ҳашдуш-шаъбӣ ҳадия дод.

Image Caption

 

Райони Ал Калдонӣ, фармондеҳи масиҳии воҳиди Бобилиён аст, ки зери назари Ҳашдуш-шаъбӣ фаъолият мекунад. Дар ҳангоми эҳдои ин тасбеҳ Фолеҳ Ал Фаёз, раиси созмони Ҳашдуш-шаъбӣ низ ҳузур дошт.

Поп Франсис рӯзи ҷумъа пас аз вурӯд ба Бағдод, бо Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазир ва Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ дидор кард.

Дидор бо оятуллоҳ Саидалии Систонӣ, раҳбари олии мазҳабии Ироқ дар Наҷафи ашраф зиёрати шаҳри таърихии Ор, зодгоҳи ҳазрати Иброҳм (а) муҳимтарин барномаи Поп аст.

БЕШТАР БИХОНЕД: