Октябр 19, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои террористҳо ба шаҳри Ҳалаби Сурия

Дар ҳамлаҳои мушакии террористҳо ба шаҳри Ҳалаби Сурия, шуморе аз ғайринизомён кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, имрӯз дар ҳамлаҳои мушакии гурӯҳҳои террористӣ ба минтақаи маскунии ал-Ҷумайлияи шаҳри Ҳалаб се нафар аз ҷумла як зан кушта шуд ва 25 тани дигар захмӣ шуданд, ки ҳоли баъзе маҷрӯҳон бад гузориш шудааст.

Ҳамчунин дар ҳамлаи мушакии террористҳо ба минтақаи маскунии Ҳамдония ва минтақаи ал-Майдон дар шаҳри Ҳалаб, як зан кушта шуд ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Дар хабари дигар аз Сурия, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Сурия ба қароргоҳи террористҳо дар Лозиқия ва Идилб, шуморе аз террористҳо ба ҳалокат расиданд ва хисороти зиёде диданд.