Сафари поп Франсис ба Ироқ; таъкид бар ҳамзистии динҳо
Дар солҳои ахир кишвари Ироқ арсаи тохту този гурӯҳҳои террористии такфирй ба вижа ДИИШ буда, ки муҷиби талафоту хисороти зиёде ба ҳамаи мардуми ин кишвар, иборат аз мусулмонон ва масеҳиён шудааст.
Акнун поп Франсис дар дидори бесобиқа аз Ироқ қасд дорад зимни маҳкум сохтани хушунат ва ҳамдардӣ бо қурбониёни тероризм, заминаи тавсеъаи ҳамзистии адёнро фароҳам кунад .
Поп Франсис ( Popeи Francis )-раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи ҷумъа 5-март бо истиқболи Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ вориди Бағдод шуд. Поп қарор аст дар ин сафари серӯза бо масеҳиёни ин кишвар дидор кунад . Поп Франсис пештар гуфта буд мехоҳад бо афроде дидор кунад, ки ранҷҳои фаровонеро дар солҳои ахир мутаҳаммил шудаанд.
Ҳадаф аз сафари поп ба Ироқро дар чанд арса метавон матраҳ сохт: Нахуст инки масеҳиёни Ироқ аз ҷумла қурбониёни аслии солҳо ҷангу тероризм дар ин кишвар ҷанг зада будаанд ва раҳбари католикҳои ҷаҳон бо сафар ба Ироқ қасди дилҷӯӣ аз онҳоро дорад . Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар сафари торихӣ ба Ироқ зимни адои эҳтиром ба қурбониёну мусибатдидагони солҳои ҷанг гуфт, ки ба унвон « зоири сулҳ » ба ин кишвар сафар кардааст.
Попи Франсис дар паёмӣ бар ҳазинаҳои сангинӣ ки масӣҳёни Ироқ дар тӯли солҳои ҷанг мутаҳаммил шудаанд ، таъкид кард ва бо адоии эҳтиром ба ақаллияти эзадии Ироқ низ хотирнишон кард : « Онҳо низ мусибат зиёде кашидаанд » .
Масеҳиёни Ироқ дар замони вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба хоки Ироқ дар соли 2003 ва суқути режими Саддом ҳудуди шаш дарсад аз ҷамъияти 25 миллионии ин кишварро ташкил медоданд. Аммо пас аз солҳо ҷангу хушунат ҷамъияти масеҳиёни Ироқ ба ҳудуди 400 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ба вижа ДИИШ зимни куштори шумори зиёде аз масеҳиён дар нуқоти мухталифи Ироқ иқдом ба тахриби шумори зиёди калисо дар Ироқ кард, ки бархе аз онҳо аз арзиши торихии болое бархурдор буданд .
Ҳадафи дувуми сафари поп ба Ироқ тавсеъаи заминаи ҳамзистии байни динҳо аст. Дар ин росто поп қарор аст дар бахши дигаре аз сафараш ба Носирия дар ҷануби Ироқ баравад, то дар зодгоҳи Иброҳим, дар " Ор " таи нишасте бо шахсиятҳои мазҳабии барҷастаи мазоҳиби гуногуни ин кишвар дидор кунад.
Ба гуфтаи Раҳмон Фараҳон Ал-Амирӣ »-сафири Ироқ дар Ватикан паёми бузурги дидори поп аз Ироқ ҳимоят аз роҳҳои гуфтугуи байни адён аст, зеро поп тамоюл ба тақвияти гуфтугу ва ҳамзистии муштараки байни ҳамаи ақшори динӣ хоҳ байни калисоҳои бародар ё аз тариқи равобити исломӣ – масеҳӣ дорад . Муҳимтарин бахши ин сафар дар ростои ин ҳадаф дидори бесобиқаи байни раҳбари католикҳои ҷаҳон ва ҳазрати оятуллоҳ Сиистонӣ-марҷаъи олиқадри динии Ироқ аст.Ин дидор ба таври хусӯсӣ ва дар шаҳри муқаддаси Наҷаф баргузор хоҳад шуд ва қарор аст таи он ду чеҳраи барҷастаи ҷаҳони масиҳият ва ислом дар бораи чорчӯбе, ки ба маҳкумияти хушунат алайҳи ҷони башарият мунҷар мешавад; баҳсу табодул назар дошта бошанд.Ин мулоқот ба хусус аз ин лиҳоз аҳамият дорад, ки поп ва оятуллоҳ Сиистонӣ дидгоҳҳои муштараке дар маҳкумияти тероризм ва хушунат дошта ва ҳамвора бар лузуми ҳамзистии байни адён таъкид кардаанд. Аҳамияти ин масъала ба вижа бо тавваҷуҳ ба нақши сарнавиштсоз ва ҳассоси оятуллоҳ Сиистонӣ дар барқарории амният дар Ироқ ва суботи он бо фарохони мардуми ин кишвар барои мубориза бо тероризми ДИИШ-ӣ ва ҳифзи ҳокимияту ваҳдати сарзаминии ин кишвар ва раҳоӣ аз қудратҳои ишғолгар дучандон мешавад . Дар воқеъ бархилофи таблиғоти такфириҳо, ки ҳамвора бар хушунат алайҳи ғайримусулмонон дар Ироқ таъкид кард ва ин равияро ба иҷро гузоштаанд, аммо оятуллоҳ Сиистонӣ ҳамвора бар лузуми риояти ҳуқуқи муътақидони динҳои дигар, аз ҷумла масеҳиён дар Ироқ таъкиди фаровон доштаанд .
Бештар бихонед :
- Ҳадияи Поп ба фармондеҳи Ҳашдуш-шаъбӣ
-
Ҳамзамон бо оғози соли нави милодӣ; дидори Поп бо марҷаъҳои тақлиди Наҷаф