Март 07, 2021 15:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари поп ба Ироқ дар шароите анҷом шуд, ки ҷаҳон даргири корона аст
    Сафари поп ба Ироқ дар шароите анҷом шуд, ки ҷаҳон даргири корона аст

Поп Франсис дар Наҷафи Ашраф бо оятуллоҳ Сиистонӣ, марҷаияти шиаёни Ироқ дидору гуфтугӯ кард.

Сафари поп Франсис дар шароите анҷом шуд, ки ҷаҳон даргири корона аст ва дар ин вазъият тақрибан ағлаби сафарҳои дипломатӣ низ лағв шуда ва ё ба шиддат маҳдуд шудааст. Ин мавзуъ бар аҳамияти сафари поп Франсис ба Ироқ афзудааст.

Ба назар мерасад, як далели сафари поп ба Ироқ ин аст, ки пеш аз ин низ раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Ироқ даъват шуда буд, аммо заминаи ин сафар фароҳам нашуда буд. Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймс дар хусуси далоили сафари Франсис ба Ироқ навишт: «Чунин дидоре орзӯи чандинсолаи поп будааст. Жан Поли дувум қасд дошт дар соли 2000 аз Ироқ боздид кунад, ки бо афзоиши таниш дар минтақа ин сафар лағв шуд. Бенедикти шонздаҳум низ даъват шуда буд, аммо ба далели ҷанг натавонист ин сафарро анҷом диҳад.

Раиси ҷумҳури Ироқ Барҳам Солеҳ Франсиси аввалро дар июли 2019 даъват кард ва умед дошт ин амр ба беҳбуди кишвар пас аз солҳо кашмакаш кумак кунад. Франсис ин даъватро пазируфт ва ба сароҳат эълом кард, ки намехоҳад мардуми Ироқ, ба вижа ҷамъияти масеҳии ранҷдидаи ин кишварро ноумед кунад”.

Омили дувуми интихоби Ироқ барои сафари поп, ҷамъияти масеҳии ин кишвар аст. Тақрибан дар солҳои поёнии ҳукумати Саддом якуним миллион нафар аз ҷамъияти Ироқро масеҳиён ташкил медоданд, аммо ин мизон ба як сеюм дар ду даҳаи ахир коҳиш ёфтааст. Бинобарин, вуҷуди ҷамъияти масеҳӣ дар Ироқ ва ҳамчунин вазъияти номуносиби онҳо, ки ба хусус дар асари хушунатҳо рух дода, аз далоили аслии сафари поп ба Ироқ аст. Поп Франсис дар шаҳри Бағдод аз ироқиҳо хост то барои ақаллиятҳои мазҳабӣ арзиш қоил шаванд ва бо бародарони масеҳии худ ба унвони «як сармояи арзишманд» рафтор кунанд.

Доктор Муҳаммади Масҷидҷомеӣ, сафири собиқи Эрон дар Ватикан ва Марокаш ва пажӯҳишгари ҷаҳони араб низ гуфт, ин иқдоми поп боиси тақвияти масеҳиён дар Ироқ ва минтақа хоҳад шуд.

Омили сеюм ин аст, ки Ироқ яке аз муҳимтарин кишварҳои мусулмон дар ҷаҳон аст, ки аксарияти ҷамъияти онро шиаён ташкил медиҳанд. Аз сӯйи дигар, Ироқ мизбони яке аз бузургтарин мароҷеи ташайюъ дар ҷаҳон, яъне оятуллоҳ Сиистонӣ аст, ки мавриди ҳимояти ҳамаи шиаёни ҷаҳон қарор дорад. Поп Франсис низ яке аз бузургтарин раҳбарони динӣ дар ҷаҳон аст. Бинобарин, гуфтугӯи байни раҳбарони мазҳабӣ яке аз далоили аслии сафари поп ба Ироқ аст.

Омили чаҳорум дар интихоби Ироқ ба унвони мақсади сафари раҳбари католикҳои ҷаҳон, мавқеияти нобасомони иҷтимоии кунунии ин кишвар аст. Ироқ дар ду даҳаи ахир шоҳиди хушунат дар шаклҳои мухталиф, аз ҷумла хушунат алайҳи фирқаҳои мазҳабӣ буд. Сафари поп ба Ироқ таъкиде бар лузуми гуфтугӯ ва поён додан ба хушунатҳо, аз ҷумла хушунат алайҳи фирқаҳои мазҳабӣ дар Ироқ буд. Мавзӯе ки дар дидори поп бо оятуллоҳ Сиистонӣ низ мавриди таъкид қарор гирифт.

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, метавон гуфт, сафари поп ба Ироқ сафаре ҳадафманд буд, ки ҷойгоҳи мазҳабӣ ва албатта шароити нобасомони иҷтимоии онро нишон медиҳад ва аҳдофи сиёсии хосе дар ин сафар ва дидори ду раҳбари мазҳабии масеҳӣ ва мусулмон вуҷуд надорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп