Март 07, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи панҷшанбе пойгоҳи «Малик Холид» дар Арабистон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман қарор гирифт
    Рӯзи панҷшанбе пойгоҳи «Малик Холид» дар Арабистон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман қарор гирифт

Сухангӯи эътилофи саъудӣ муддаӣ шуд : Дифои зиддиҳавоии эътилоф панҷ паҳподи бомбгузоришудаи мутаъаллиқ ба Яманро раҳгирӣ ва нобуд кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Турки Алмоликӣ-сухангӯи эътилофи саъудӣ субҳи рӯзи якшанбе иддао кард : Нобудии ин панҷ паҳподи артиши Яман дар шабонарӯзи гузашта сурат гирифтааст .

   Дар ҳамин ҳол бархе манобеъ аз шунида шудани садоии инфиҷорҳои даҳшатнок дар осмони шаҳри Ҷадда дар Арабистони саъудӣ хабар доданд.

   Сухангӯи эътилофи саъудӣ субҳи рӯзи ҷумъа низ муддаӣ шуда буд, ки ин эътилоф шаш  паҳподи артиши Яман ва кумитаҳои мардумиро нобуд кардааст .

  Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи панҷшанбе пойгоҳи Малик Холид  дар Арабистони ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман қарор гирифт .

  Арабистон ‌ бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп