Ҳамлаи террористӣ ба зоирони имом Мӯсои Козим (а) дар Козимайни Ироқ
-
Фарди террористе, ки ин норинҷакро ба сӯи зоирон партоб карда, дастгир шудааст
Ҳамзамон бо шаби шаҳодати имом Мӯсои Козим (а) манобеи хабарӣ душанбешаб аз ҳамла ба зоирони ҳарами он ҳазрат дар минтақаи Козимайн дар устони Бағдоди Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, дар ин ҳамлаи террористӣ, ки гуфта мешавад, бо партоби як норинҷаки дастӣ ба вуқуъи пайваст, шуморе аз зоирони ҳарами шарифи имоми Мӯсои Козим (а) шаҳид ва захмӣ шуданд.
Бар асоси эъломи бархе манобеи хабарӣ, фарди террористӣ, ки ин норинҷакро ба сӯи зоирони бе дифо партоб карда, дастгир шудааст. Ин ҳодиса дар наздикии пули ал Аимаи Бағдод рух додааст.
Бо вуҷӯди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сӯрати пароканда даст ба иқдомоти террористӣ мезананд.
Имрӯз 25-уми раҷаб баробар бо нуҳуми март солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), набераги гаронқадри Расули Худо (с) ва писари бузургвори имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.
Бештар бихонед :
- Таслияти шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)
- Даври тозаи ирсоли силоҳҳои амрикоӣ барои ДИИШ дар Ироқ
- Тозатарин видеоҳо аз инфиҷорҳои террористии ДИИШ дар пойтахти Ироқ