Тавсифи Поп Франсис аз шахсияти Оятуллоҳ Систонӣ
(last modified Tue, 09 Mar 2021 07:49:48 GMT )
Март 09, 2021 12:49 Asia/Dushanbe
  • Поп мулоқот бо Оятуллоҳ Систониро гоме муҳим барои таҳкими робита бо мусулмонон донист
    Поп мулоқот бо Оятуллоҳ Систониро гоме муҳим барои таҳкими робита бо мусулмонон донист

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон пас аз сафари 3 рӯза ба Ироқ ва дар бозгашт ба Ватикон, Оятуллоҳ Саидалии Систонӣ, роҳбари олии мазҳабиро марди бузург ва ҳакими илоҳӣ тавсиф кард ва дидор бо ӯро барои руҳи худ муфид хонд.

Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, поп, ки рӯзи шанбе бо Оятуллоҳ Систонӣ дар Наҷафи ашраф дидор кард, дар мусоҳиба бо хабарнигорон дидор бо мақоми олии марҷаъияти мазҳабиро муҷиби ифтихори худ донис ва афзуд: Оятуллоҳ Систонӣ, инсоне мутавозеъ ва хирадманд аст.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон изофа кард, эшон марде ас,т ки ҳаргиз барои салом ба касе наистодааст, аммо ба эҳтироми ман ду мартаба аз ҷои худ бархост.

Поп, ки ду соли пеш низ дар Абу Забӣ ва порсол дар Ватикан бо Шайхи Ал Азҳар дидор кардааст, мулоқот бо Оятуллоҳ Систониро гоме муҳим барои таҳкими робита бо мусулмонон донист.

Вай ҳамчунин мақсади баъдии сафари худ дар Ховари Миёнаро Лубнон эълом кард ва гуфт, Лубнон низ аз мушкилоти бисёре ранҷ мебарад ва бо буҳрони зиндагӣ рӯ барӯ аст ва ваъда додаам ба Лубнон сафар кунам.

БЕШТАР БИХОНЕД: