Поймолсозии ҳарими ҳавоии Лубнон тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ
(last modified Thu, 11 Mar 2021 13:59:44 GMT )
Март 11, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Лубнон
    Ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Лубнон

Артиши Лубнон аз 4 бор поймолшавии ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, артиши Лубнон бо интишори гузорише эълом кард:Таи камтар аз 24 соъат гузашта ду бор паҳподи ҷосӯсии артиши режими саҳюнистӣ ва ду бори дигар ҷангандаҳои ин режим ҳарими ҳавоии Лубнонро нақз кардаанд.

  Фармондиҳии артиши Лубнон сешанбешаб ҳам эълом кард:Як қойиқи ҷангии артиши режими саҳюнистӣ вориди ҳарими обҳои минтақаии Лубнон дар наздикии соҳили «Раъсуалнофура», дар ҷануби ин кишвар шудаву сарнишинони қойиқ ба осмони «Раъсуалнофура», бомбаи савтӣ шиллик карданд.

   Рӯзи душанбе низ як қойиқи ҷангии дигари режими саҳюнистӣ ба муддати 18 дақиқа вориди ҳарими дарёии Лубнон шуд.

  Қатъномаи 1701 Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид, ки пас аз поёни ҷанги 33 рӯзаи Исроил бо Лубнон дар соли 2006 тасвиб шуд, режими саҳюнистиро аз иқдомоти хасмона зидди Лубнон барҳазар медорад, аммо ин режим беэътино ба ин қатънома ҳамвора ҳарими ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии Лубнонро нақз мекунад.

  Лубнони борҳо аз Шӯроии амнияти Созмони миллал ва маҷомеъи байналмиллалӣ хостори иқдом барои поён додан ба ин ҳамалоти режими саҳюнистӣ шудааст.

 

   Бештар бихонед :