Октябр 20, 2016 12:51 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони олии Сурия ба сафири Эрон

Нишони олии ҷумҳурии арабии Сурия, дар маросими вижа аз сӯи вазорати умури хориҷаи ин кишвар, ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ, эъто шуд.

Ин нишон дар поёни маъмурияти панҷсолаи  Муҳаммадризо Шайбонӣ дар Сурия ва дар пайи судури фармони раёсатҷумҳирии ин кишвар, ба сафири Эрон дар Димишқ эъто шуд.

Файсал Миқдод, муовини вазири умури хориҷаи Сурия, рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне дар ин маросим, ки бо ҳузури шуморе аз муовинон ва мақомоти аршади ин вазоратхонаҳо ва сафирони Русия, Чин, Венесуэла ва Алҷазоир баргузор шуд, аз ҳимоятҳои Раҳбари муаззами инқилоб, давлат ва мардуми мусулмони Эрон аз Сурия дар тӯли буҳрони шашсолаи ин кишвар қадрдонӣ кард.

Файсал Миқдод бо ишора ба муборизаи муштараки Теҳрон ва Димишқ алайҳи терроризм ва равобити мустаҳкам ва сарнавиштсози ду кишвар  хотирнишон кард, пирӯзӣ дар Сурия, ба манзалаи пирӯзии Ҷумҳурии Исломӣ Эрон аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, шикасти терроризм, яъне пирӯзии арзишҳои инсонӣ ва мазҳабӣ, ки миллатҳои мусулмони Эрон ва Сурия барои таҳаққуқи онҳо ҷонфишонӣ кардаанд.

Муҳаммадризо Шайбонӣ низ дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ин ки буҳрони Сурия бо дар пеш гирифтани роҳҳои низомӣ ба поён намерасад, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳалли сиёсии буҳрони Сурия ва гуфтугӯҳои сурӣ - сурӣ таъкид мекунад.

Сафири Эрон дар Димишқ, дар идома бо таъкид бар ин ки мардуми Сурия дар ҳалли буҳрони кишварашон нақши асосӣ бар ӯҳда доранд, гуфт, ҳарчӣ нақши мардуми Сурия дар тарсими сарнавишт ва ояндаи кишварашон камрангтар шавад, буҳрони ин кишвар, ки шашумин соли худро сипарӣ мекунад, печидатар хоҳад шуд.