Октябр 20, 2016 13:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман бо вуҷуди оташбас

Бо вуҷуди барқарории оташбаси 72 соата Яман, дар ҷангандаҳои Арабистон бори дигар манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, ҷангандаҳои Арабистон дар идомаи таҷовуз ба Яман, чаҳоршанбе шаб, Санъо, пойтахт ва чанд устони дигари ин кишварро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он шуморе аз яманиҳо кушта ва захмӣ шуданд.

 Оташбаси 72 соата ва бо имкони тамдид дар Яман, бо назорати СММ бомдоди чаҳоршанбе оғоз шуд.

Тарҳи барқарории оташбаси 72 соат аз тарафи Исмоил Аҳмад, намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Яман, эълом шуд.

Режими Оли Сауд пеш аз ин низ оташбас дар Яманро нақз кардааст.

Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ ба Яман ҳамла кардааст, то Мансури Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат бозгардонад.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Яман, дар ҳамалоти 19 моҳи гузаштаи Арабистон ба Яман, беш аз ҳашт ҳазор яманӣ кушта ва 19 ҳазору 500 нафар захмӣ шудаанд.