Март 20, 2021 19:44 Asia/Dushanbe
  •  Яҳё Сариъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман субҳи имрӯз шанбе гуфт:Як пойгоҳи низомӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Абҳоро бо паҳподи Қосиф-2К ҳадаф қарор доданд .
    Яҳё Сариъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман субҳи имрӯз шанбе гуфт:Як пойгоҳи низомӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Абҳоро бо паҳподи Қосиф-2К ҳадаф қарор доданд .

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Абҳои Арабистони саъудӣ хабар дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Яҳё Сариъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман субҳи имрӯз шанбе гуфт:Як пойгоҳи низомӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Абҳоро бо паҳподи Қосиф-2К ҳадаф қарор доданд .

    Сариъ бо ишора ба инки дар ин ҳамла ҳадафи мавриди назар ба сурати дақиқ ҳадаф қарор гирифтааст таъкид кард:Ин ҳамла посухи табиӣ ба ташдиди таҷовузоту муҳосираи пайваста алайҳи Яман аст.

    Артиши Яман рӯзи панҷшанбеи гузашта низ фурӯдгоҳи байналмиллалии Абҳоро, ки фосилаи чандоне бо Хамис машит надорад ,бо паҳподҳои дурбурд ҳадаф қарор дода буд .

  Ин фурӯдгоҳ ба зоҳир ғайринизомӣ, вале дар асл маҳали истиқрори ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовиз ба Яман буда, ки ба далели наздикӣ ба манотиқи таҳти контроли давлати Наҷоти миллии Яман аз онҷо ҳамалоти ҳавоии рӯзонаро анҷом медиҳад .

   Арабистон ‌ бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .

   Бештар бихонед :