Апрел 01, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии артиши Яман ба аҳдофи низомии ҳассос дар Риёз

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамла ба аҳдофи низомии ҳассос дар пойтахти Арабистони Саудӣ хабар дод.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз -панҷшанбе дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Твиттер эълом кард, нерӯи паҳподии артиши Яман бо чаҳор паҳпод мавозеи ҳассосу муҳимеро дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор дод.

Яҳё Сареъ дар идома бо таъкид бар ин ки бархӯрд бо ҳадафи дақиқ будааст, эълом кард, ин иқдом дар чорчӯби ҳаққи табиӣ ва қонунии мардуми Яман дар вокуниш ба таҷовузҳову муҳосираи Яман сурат гирифтааст.

Сареъ гуфт: Амалиётҳои низомии артиши Яман то замони идомаи таҷовузҳову муҳосираи Яман идомаи пайдо хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои вобаста ба эътилофи саудӣ, ки маъмулан пеш аз эъломи Санъо иддаоҳое дар бораи раҳгирии паҳподҳову мушакҳои яманӣ мунташир мекунанд, то ин лаҳза дар ин хусус сукут ихтиёр кардаанд.

Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти 2015 бо куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман, ба далели муқовимати мардум, артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар натавонистанд ба аҳдофи зиёдахоҳонаи худ дар Яман барисанд.

Ҳамчунин бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷониба, қобилияти падофандии артиши Яман дар як соли ахир тавсеаи чашмгире доштааст.

 

Бештар бихонед: