Апрел 10, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ду шаҳри Истанбул ва Адонои Туркия дар рутбаҳои дувуму сеюми масрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд
    Ду шаҳри Истанбул ва Адонои Туркия дар рутбаҳои дувуму сеюми масрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд

Манобеи хабарӣ аз афзоиши шадиди масрафи маводи мухаддир дар ду шаҳри бузурги Истанбул ва Аданаи Туркия хабар медиҳанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ду шаҳри бузурги Истанбул ва Адана дар Туркия дар ҷойгоҳи дувуму сеюми шаҳрҳои пурмасрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд.

  Матбӯоти Туркия ҳам дар рӯзҳои ахир бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ ба баррасии вазъияти ногувори гароиш ба маводи мухаддир дар ин шаҳрҳо пардохтаанд .

    Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли гузашта Нию-Йорки Амрико ҳамвора муҳимтарин конуни пахшу масрафи маводи мухаддири саросар ҷаҳон буда ва навъҳои гунгуни ин мавод дар Нию-Йорк ба таври густарда масраф мешаванд .

    Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ бештарин героини дунё пас аз Нию-Йорк ва бештарин марихуана  низ пас аз Барселона дар Истанбул масраф мешавад .

  Бештар бихонед :

 

Барчасп