Октябр 22, 2016 20:39 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути комили артиши Ироқ бар шаҳри Каркуки ин кишвар

Нерӯҳои артиши Ироқ пас аз ҳамлаи террористии дирӯзи (ҷумъа) террористҳо ба шаҳри Каркук, кантроли комили ин шаҳрро бадаст гирифтаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алсумайрияи Ироқ,  манобеи низомии Ироқ эълом карданд, нерӯҳои муштараки артиш, мардумӣ ва курди Ироқ имрӯз (шанбе), махфигоҳҳои аносури ДИИШ дар шаҳри Каркукро шиносоӣ ва бо ҳадаф қарор додан онҳо, шуморе аз террористҳоро ба ҳалокат расонданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин амалиёт, 48 террористи ДИИШ ба ҳалокат расиданд.

Субҳи дирӯзи ҷумъа, шуморе аз террористҳои ДИИШ бо вурӯд ба шаҳри Каркук ба истгоҳи барқ, сохтумонҳои идорӣ ва пулис ҳамла ва талош карданд, кантроли шаҳрро ба даст бигиранд, аммо ин тарҳ бо ҳӯшёрии нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Каркук бо шикаст рӯбарӯ шуд ва шумори зиёде аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.

Мақомҳои ироқӣ рӯзи шанбе эълом карданд, дар ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаҳри Каркук дасткам, 46 нафар кушта ва 133 нафар низ захмӣ шуданд.

Ҳасан Алсоидӣ, яке аз намояндагони узви фраксюни порлумонии Бадари Ироқ, дар баёнияе ҳадафи гурӯҳи террористии ДИИШ аз ҳамла ба Каркукро ихлол дар амалиёти озодсозии шаҳри Мӯсил аз ишғоли террористҳо донист.