Апрел 15, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • Алшимирӣ дар бораи паёмадҳои идомаи ҳузури низомии Амрико  бар рӯи  бофти иҷтимоӣ ва иқтисоду сиёсати Ироқ низ ба давлат ҳушдор дод .
    Алшимирӣ дар бораи паёмадҳои идомаи ҳузури низомии Амрико бар рӯи бофти иҷтимоӣ ва иқтисоду сиёсати Ироқ низ ба давлат ҳушдор дод .

Муовини дабири кулли ҷумбиши муқовимати исломии « НАҶБО »-и Ироқ таъкид кард: Бузургтарин хатари таҳдидкунанда барои кишвар тадовуми ҳузури низомии Амрико аст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Наср Алшимирӣ -  муовини дабири кулли ҷумбиши муқовимати исломии « НАҶБО » имрӯз панҷшанбе дар паёме хитоб ба ишғолгарони амрикоӣ гуфт: Шиносоӣ ва шеваи бархурд бо хатарҳо вазифаи мардуми Ироқ аст, ки ҳамвора поёни ишғолгарии ҷинояткорона ва поёни дахолати маркази ҷосусии шуморо хостор шудаанд .

  Алшимирӣ афзуд: Имрӯз Амрико бо нодида гирифтани барқасдонаи мусаввабаи порлумони Ироқ дар бораи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ   замину осмони ин кишварро мавриди таҷовуз қарор медиҳад; дар ҳоле ки Ироқ кишвари озод ва узви Созмони Миллал аст .

Алшимирӣ дар бораи паёмадҳои идомаи ҳузури низомии Амрико  бар рӯи  бофти иҷтимоӣ ва иқтисоду сиёсати Ироқ низ ба давлат ҳушдор дод .

    Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .

 

 

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп