Кашфи ганҷинаи махфии ДИИШ дар Мосули Ироқ
Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, ки онҳо хазинаи садҳо ҳазор доллари нақдӣ ва металлҳои қиматбаҳоеро кашф кардаанд, ки террористҳои ДИИШ дар як хона дар Мосул пинҳон кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои ироқӣ дар як паёми Твиттерӣ навишт: "Бар пояи иттилооти вижаи полиси маҳаллӣ, ин ганҷина дар замони тасарруфи шаҳри Мосул ба дасти гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда шуда буд ва якуним миллион доллар пули нақд ва металлҳои қимматбаҳоро шомил мешавад."
Нерӯҳои ироқӣ бо кумаки Эрон рӯзи 17 ноябри 2017 муваффақ шуданд шаҳри Рава дар остони ал-Анборро, ки дар ғарби Ироқ охирин пойгоҳи ДИИШ буд озод кунанд ва бо озодсозии ин шаҳр амалан кори ДИИШ дар Ироқ ба поён расид.
Бо ин ҳол дар моҳҳои ахир бозмондаҳои ДИИШ бо баҳрагирӣ аз бесуботиҳои Ироқ ва ҳамчунин дар сояи ҳимояти Амрико дар талош барои эҳёи ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ ҳастанд.
Бештар бихонед: