Тазоҳуроти мардуми Тунис дар маҳкумияти ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман
(last modified Sun, 23 Oct 2016 10:06:20 GMT )
Октябр 23, 2016 15:06 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Тунис дар маҳкумияти ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман

Мардуми Тунис дар маҳкумияти ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Арабистони Саудӣ дар Яман, тазоҳурот карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алолам, намояндагони аҳзоб, созмонҳои маданӣ ва шахсиятҳои тунисӣ, рӯзи шанбе дар пойтахти ин кишвар дар маҳкумияти таҷовузи Арабистон ба Яман, тазоҳурот карданд ва хуруҷи фаврии кишварашонро аз ин эътилофи ҷинояткор ба саркардагии Арабистон хостор шуданд.

Ширкаткунандагон таъкид карданд, ҳадафи ин эътилоф вайрон кардани минтақа ва муқобила бо қудратҳое аст, ки аз муқовимат дар кишварҳои арабӣ ҳимоят мекунанд.

Тазоҳуркунандагон шиъорҳое дар маҳкумияти ҳамалот ба Яман сар доданд ва режими Оли Саудро, масъули кушторҳо ва ҷиноятҳои фоҷеъабор дар Яман донистанд.

Мардуми Тунис ҳамчунин сарнагунии режимҳоеро, ки Яманро вайрон ва аз гурӯҳҳои такфирии террористӣ дар минтақа ҳимоят мекунанд, хостор шуданд.

 «слоҳ алдоўдӣ » аз фаъолони сиёсии Тунис ва ширкаткунанда дар ин тазоҳурот гуфт, Шӯрои амнияти Созмони милал бо пул, силоҳ ва таблиғоти расонаӣ аз таҷовуз алайҳи Яман ҳимоят мекунад.

Вай тасреҳ кард, ҷомеъаи ҷаҳонии имрӯзӣ, баробари бузургтарин куштори золимонаи мардуми Яман ва ҳаққонияту ҳокимияти онҳо бар сарзамин ва сарнавишти худ, сукут кардааст.

Яман аз 19 моҳ қабл, ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва дарёии Арабистон қарор гирифтааст, ки бар асари он токунун ҳазорон нафар кушта, захмӣ ва овора шудаанд.