Апрел 17, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт сол аз оғози муҳосираи Яман мегузарад
    Ҳафт сол аз оғози муҳосираи Яман мегузарад

Мудири иҷрои ширкати нафти Яман бо интиқод аз идомаи тавқифи каштиҳои ҳомили сухт ба Яман аз сӯи эътилофи Саудӣ, Созмони милали муттаҳидро шарики ин дуздии дарёӣ унвон кард.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Амор Алазраӣ рӯзи ҷумъа гуфт: Тавқифи каштиҳои ҳомили сухти Яман аз сӯи эътилофи ба раҳбарии Амрико ва бо пушиши Созмони милали муттаҳид идома дорад ва аз оғози соли 2021 танҳо як каштии ҳомили дизел тавониста вориди бандари Алҳудайда шавад.

Мудири иҷроии ширкати нафти Яман таъкид кард: Зиндагии 26 миллион яманӣ дар сурати тадовуми ҷилавгирӣ аз вуруди каштиҳои ҳомили сухти Яман ба бандари Алҳудайда бо хатар мувоҷеҳ хоҳад буд.

Алазраӣ пеш аз ин низ эълом карда буд: Маҷмуи хисоратҳо ва ҷаримаи нафткашҳое, ки эътилофи мутаҷовизи амрикоӣ-арабистонӣ онро тавқиф кардаанд, имсол ба 34 миллиону 500 ҳазор доллар расидааст.

Эътилофи Саудӣ дар ҳоле иҷозаи вуруди нафткашҳои яманиро намедиҳад, ки ҳафт сол аз оғози муҳосираи Яман мегузарад ва мардуми ин кишвар дар бадтарин шароити инсонӣ ба сар мебаранд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп