Апрел 18, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи генерали саҳюнист ба нокоромадии \\\
    Эътирофи генерали саҳюнист ба нокоромадии \\\"Гунбади оҳанин\\\" дар баробари мушакҳои муқовимат

Як генерали режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки системаи Гунбади оҳанин нотавонии худро барои боздоштани мушакҳои муқовимат собит кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Ёсси Ланготский", фармондеҳи воҳиди фаннии 81-уми режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки ин режим ба далели маҳдудияти система бо номи "Гунбади оҳанӣ" хисороти зиёде дидааст ва дигар наметавонистааст мудофиаи стратегӣ дар асоси технология  дошта бошад. 

Ланготский, ҷунбиши Ҳамос дар ғазза, Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Эронро таҳдидоти режими Исроил дар сурати бурузи ҷанги эҳтимолӣ дар оянда  хонду афзуд, дар сурати бурузи чунин шароите, гунбади оҳанин, танҳо қодир ба посухе ҷузъӣ хоҳад буд.

Ин генерали режими саҳюнистӣ таҳдиди мушакиро таҳдидии воқеӣ ва як фоҷеа барои Исроил хонд ва аз сарони ин режим  хост  фикре барои ин мавзӯ  бикунанд. 

Ба гуфтаи коршиносон, шикастҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанг алайҳи Навори Ғазза аз соли 2008 - 2009 то ҷанги 2014 ба далели нотавонии Гунбади оҳанин дар муқобила бо мушакҳои фаластинӣ будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп