Апрел 21, 2021 17:02 Asia/Dushanbe

Расонаҳои исроилӣ аз вуқуъи инфиҷор дар яке аз марокизи саноати низомии ҳассос дар минтақаи Гӯшдон дар ҷанӯби сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретс” эълом кард, ба назар мерасад, ин инфиҷор дар мароҳили озмоиш дар яке аз корхонаҳои пешрафтаи тавлиди силоҳ ба номи «томер», ки анвоъи мухталифе аз мӯшакҳоро тавлид мекунад, ба вуқуъ пайвастааст.

Шоҳидони айни гуфтанд, ки шуълаҳои оташ то иртифои зиёде забона кашидааст, аммо манобеи расмии режими саҳюнистӣ ҳанӯз вокунише ба ин хабар нишон надодаанд.

Томер тавлидкунандаи мӯшакҳое аст, ки дар ихтиёри артиши режими саҳюнистӣ ва дигари сомонаҳои дифоии Исроил қарор мегирад.

Манобеи саҳюнистӣ муддаӣ шуданд, ки ин инфиҷор ношӣ хатои инсонӣ ҳангоми анҷоми озмоиш дар корхона будааст, аммо таҳқиқоти дақиқ дар мавриди иллати ин инфиҷор идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп