Тазоҳуроти фаластиниёни сокини урдугоҳҳои Лубнон дар ҳамбастагӣ бо Қудс
(last modified Sun, 25 Apr 2021 15:20:35 GMT )
Апрел 25, 2021 20:20 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти фаластиниёни сокини урдугоҳҳои Лубнон дар ҳамбастагӣ бо Қудс
    Тазоҳуроти фаластиниёни сокини урдугоҳҳои Лубнон дар ҳамбастагӣ бо Қудс

Фаластиниҳои сокин дар Лубнон рӯзи якшанбе ба хиёбонҳои урдугоҳҳо омада ва ҳимояти худро аз мардуми Фаластин дар шаҳри Қудси ишғолӣ эълом карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъ бар ваҳдати мардуми Фаластин дар ҳар маконе, ки ҳузур доранд ва бар ҳақи онҳо дар дифо аз ҳуқуқи миллӣ ва муқаддасоти масеҳӣ ва исломии онҳо таъкид карданд. 

Дар урдугоҳҳои Ар-Рашидия бурҷи ал-Шимолӣ ва Ал-Басс дар ҷануби Лубнон низ таҷаммӯъҳое дар ҳамбастагӣ бо мардум дар шаҳри Қудс ва дифо аз муқаддасоташон баргузор шуд. 

Дар урдугоҳи Ал-Бараҷнеи Бейрут садҳо фаластиниҳо дар кӯчаҳои ин урдугоҳ намоиш барпо карданд ва дар даст парчамҳои Фаластин ва шиорҳои худро ба ҳимояти мардум дар шаҳри Қудс алайҳи нерӯҳои ишғологар баланд карданд.
  
Ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъот аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ хостанд мавзегирии ҷиддӣ дар қиболи таъаддиҳои режими ишғолгари Исроил ба мардуми Қудс дошта бошанд. 

Ҷавонони фаластинӣ аз ибтидои моҳи мубораки рамазон ба иллати иқдоми низомиёни режими саҳюнистӣ дар мамониат аз эҷоди таҷаммӯъ ва баргузории маросим ба муносибати ин моҳи муборак дар Қудси ишғолӣ ва ба вижа атрофи масҷиди ал-Ақсо бо низомиёни саҳюнист чанд бор даргир шуданд, ки дар ин даргириҳо беш аз 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. 
  
  
  
  Бештар бихонед: