Апрел 27, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Риёз дар соли 2020 маблағи 57.7 миллиарддолларро сарфи ҳазинаҳои низомӣ кардааст
    Риёз дар соли 2020 маблағи 57.7 миллиарддолларро сарфи ҳазинаҳои низомӣ кардааст

Як маркази байналмилалӣ дар гузорише эълом кард, Арабистони Саудӣ байни кишварҳои арабӣ, рутбаи аввал ва дар ҷаҳон рутбаи шашумро дар ҳазинаҳои низомӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Stockholm SIPRI рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард: « Арабистони Саудӣ дар соли 2020 танҳо кишвари арабӣ буд, ки дар ҷамъи 10 кишвари бартар дар ҳавзаи ҳазинаи кардҳои низомӣ, қарор гирифта ва пас аз Амрико, Чин, Ҳинд, Русия ва Англия дар рутбаи шашум ҷой дошт.»

Бар асоси ин гузориш, давлати Риёз дар соли 2020 маблағи 57.7 миллиарддолларро сарфи ҳазинаҳои низомӣ карда буд.

Бо ин ҳол давлати Саудӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ба далели мушкилоти молӣ ва густариши вируси корона ҳазинаҳои низомии худро 10 дарсад коҳиш додааст.

Махориҷи низомии Арабистон аз соли 2016 то 2020 беш аз 273 миллиарддоллар буда, ки ин ҳазинаҳо 20.9 дарсад аз кулли ҳазинаҳои давлати Риёзро шомил шудааст.

Бахши муҳимме аз буҷаи низомии Арабистони Саудӣ сарфи воридоти силоҳ аз кишварҳои ғарбӣ ба хусӯс Амрико мешавад ба тавре, ки 73.5 дарсад аз кулли воридоти панҷсолаи силоҳи Арабистон ба Амрико ихтисос дорад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп