Май 02, 2021 16:28 Asia/Dushanbe

Расонаҳои саҳюнистӣ аз вуқӯъи як сӯхтори густарда дар наздикии фурудгоҳи "Бин Гурион" дар Фаластини ишғолӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ имрӯз  якшанбе аз вуқӯъи сӯхтори густарда дар наздикии фурӯдгоҳи «Бин Гуриан» (Бен-Гурион)  хабар дод ва эълом кард, тимҳои оташнишонӣ дар ҳоли тахлияи манозили шаҳраки саҳюнистнишини «Зитон » воқеъ дар наздикии маҳалли ҳодиса ҳастанд. 

 

Пойгоҳи хабарии рӯзномаи саҳюнистӣ «Yedioth Ahronoth» низ дар хабари  фаврӣ аз ин ҳариқу тахлияи манозили муҷовири маҳалли ҳодиса навишт ва эълом кард, то замони танзими ин хабар, тимҳои оташнишонӣ натавонистаанд оташсӯзиро маҳор кунанд. 

Ҳанӯз далели оташсӯзии фурӯдгоҳи Бин Гуриан эълом нашуда ва ҷузъиёте аз он дар даст нест ва танҳо нахустин тасовир аз ин оташсӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли бознашр аст. 

Рӯзи шанбе низ шабакаи ал-Маёдин ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ эълом кард, сӯхтор дар таъсисоти корхона "Безадин " дар бандари Ҳайфа рух додааст. 


  

Ҳафтаи гузашта дар гирду атрофи реакторҳои ҳастаии "Димона" дар биёбони Ан-Нақб дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ бонги изтироб ба садо даромад. 
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп