Таҳлили рӯзномаи туркияӣ аз сабаби чархиши валиаҳди саъудӣ ба сӯи Эрон
Рӯзномаи туркияии Дейли Сабоҳ бо интишори гузорише сабабҳои тамоюл пайдо кардани валиаҳди Арабистони саъудӣ ба танишзудоӣ бо Теҳронро баррасӣ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Дейли Сабоҳ-чопи Туркия дар гузориши худ ба масъалаи танишзудоӣ миёни Эрону Арабистон пардохт ва навишт : « Муҳамад бин Салмон-валиаҳди саъудӣ ахиран дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиюнии ин кишвар аз тамоюли худ барои доштани равобити хубу мутамойиз бо Эрон сухан гуфт ва алоқамандии худро барои ҳалли мушкилоти байни Риёз ва муттаҳидонаш бо Теҳрон ва тақвияти манофеъи дуҷониба ва мусбат бо ин кишвар нишон дод . »
Дейли Сабоҳ бо ишора ба гузориши расонаҳо дар бораи дидори мақомоти эронӣ ва саъудӣ дар Ироқ навишт : « Сиёсати фишори ҳаддиаксарии Доналд Трамп алайҳи Эрон, ки бо ҳамкории кишварҳои халиҷи Форс тарроҳӣ шуда буд дар кашондани Эрон пои мизи музокира шикаст хурд . Ба хотири тамоюли давлати Байден ба бозгашт ба Барҷом ( тавофуқи ҳастаӣ ) низ давлати Вашингтон аз эҳтимол дур аст, ки бар шартҳои 12-гонаи Майк Помпео-вазири хориҷаи собиқи Амрико исрор кунад .
Ба навиштаи Дейли Сабоҳ талоши бин Салмон барои хориҷ шудан аз буҳрони Яман омили дигари тамоюли Риёз барои танишзудоӣ бо Теҳрон аст .
Ин рӯзномаи туркияӣ афзӯдааст : « Масъалаи баъдӣ ин аст, ки талошҳои ду валиаҳди ҷоҳталаби кишварҳои арабӣ барои тағйири шаклу моҳияти минтақа низ шикаст хурдааст . Муҳамад бин Салмон, ки эътибораш ба хотири қатли даҳшатноки Ҷамол Хошуқҷӣ ба шиддат хадша дор шуда ба дунболи ҳамон чашмандози иқтисодии 2030 ва мубориза бо ифротгароӣ аст . Муҳамад бин Зоид-валиаҳди Аморот низ, ки талош мекунад масоилро пушти дарҳои баста ҳаллу фасл кунад дар тарҳаш барои назми минтақаии ҷадид ва мубориза бар зидди Эрону Туркия ноком мондааст . »
Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди саъудӣ, ки дар чанд соли ахир ба мавзегириҳои зиддиэронӣ шуҳра буд, рӯзи 28 апрел ибрози умедворӣ кард Риёз битавонад робитаи хубе бо Теҳрон барқарор кунад .
Бештар бихонед :